20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафа Варанк мулоқот намуд

118
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва технологияи Туркия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Мустафа Варанк мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба тақвият бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, сохтмон, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, энергетика ва сайёҳӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Таъкид шуд, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Туркия 187 миллион доллари америкоиро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 17,4 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамчунин ҷонибҳо иброз доштанд, ки то ҳол имконияти ҷойдошта миёни Тоҷикистону Туркия пурра истифода нашудаанд ва дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ тақвият бахшидани фаъолияти ниҳодҳои дахлдори ҳарду ҷониб зарур шуморида шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво