20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои арабии Халиҷи Форс рушди ҳамкориро дар самтҳои авлавиятнок баррасӣ намуданд

102
12 октябр дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс (GCC) иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суханронии худ Фарҳод Салим нишасти мазкурро баёнгари сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва эътимод байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва GCC арзёбӣ намуда, идомаи минбаъдаи муколамаро дар чунин сиға ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самтҳои авлавиятнок дар муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба муҳим шуморид.

АКС аз ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво