28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафири Тоҷикистон дар ФР Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар ФР Ли Сок Пэ мулоқот намуд

115
12 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Федератсияи Росссия Ли Сок Пэ мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориро миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва маориф баррасӣ намуданд.

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин перомуни якчанд масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ сафирони Тоҷикистону Корея омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз намуданд.

Акс аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво