20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СИТОРАҲОИ САНЪАТИ ТОҶИК ДАР САҲНАИ ПАРИЖ. Дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Франсия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд

154
СИТОРАҲОИ САНЪАТИ ТОҶИК ДАР САҲНАИ ПАРИЖ. Дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Франсия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
14 октябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж доир мегарданд, ки дар он ҳайати иборат аз 82 нафар ҳунарпешагон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов санъату ҳунари миллии тоҷикро муаррифӣ менамоянд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар барномаи фарҳангӣ суруду оҳангҳои тоҷикӣ, фаронсавӣ ва италиявӣ аз ҷониби ҳунармандони хушсадо Давлатманди Хол, Адҳам Холиқов, Файзалӣ Ҳасанов, Раҳматулло Ҳошимов, Давлат Назрӣ, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонзода, Ситораи Кароматулло, Тахмина Ниёзова, Фирдавс Ҳошимов, Амирҷон Рӯзиев, Ҷаннатулло Абдуллоев, ансамблҳои созҳои миллӣ, инчунин рақсҳои миллии тоҷикӣ дар иҷрои гурӯҳҳои рақсии «Лола», «Зебо», «Ҷаҳоноро» ва «Гулрез» пешниҳод мегарданд.
СИТОРАҲОИ САНЪАТИ ТОҶИК ДАР САҲНАИ ПАРИЖ. Дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар пойтахти Франсия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд



Дар даромадгоҳи қароргоҳи ЮНЕСКО намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, ки фарогири таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Бояд гуфт, ки либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро Муфарраҳ Муҳаббатов ва тарроҳ Хуршед Сатторов пешниҳод менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки бори охир санъаткорони маъруфи тоҷик ҳанӯз соли 2005 дар чунин як ҳамоиш ширкат ва дар саҳнаи Париж дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Франсия Жак Ширак ҳунарнамоӣ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ дар Музеи Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж бузургтарин намоиши осори таърихии марбут ба ниёгони тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз мегардад, ки то 10 январи соли 2022 идома хоҳад ёфт.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ “Ховар”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво