20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шарҳи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон

2438
Шарҳи  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 21-уми октябр дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семенар дар мавзӯи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир гардид. Дар семенар муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон А.Абдуалимзода, муовини раиси Кумита З.Окимбекова, сардори Раёсати рушди иқтисод - У.Мирзоев, муовини вазири Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - С.Ҳомидов, роҳбарони ва кормандони зерсохтори Кумита иштирок намуданд.
А.Абдуалимзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки бо мақсади баланд бардоштан ва таъмин намудани афзалиятҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби коршиносони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони лоиҳа «Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» таҳия гардид. Дар Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сабақҳои андӯхташуда нияту андешаҳои мардуми кишвар, имкониятҳои мавҷуда, омилҳои берунию дохилӣ ва пешниҳоди раванди иқтисодии ҷаҳонию минтақавӣ муайян карда шуданд.
С.Ҳомидов оид ба афзалиятнокии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳарф зада, ба ҳадаф, низоми институтсионии раванди таҳия, сохтори ҳуҷҷат, хусусиятҳои асосӣ СМР-2030, мушкилиҳои мавҷуда, сабақҳои андӯхта, дастовардҳо дар бахшҳои иҷтимоӣ, бонкию қарзӣ, нақлиёт, саноат ва комплекси агросаноатӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, бахши функсионалӣ ва заминаҳои муайян намудани самтҳои афзалиятнокӣ равшанӣ андохт. - С.Ҳомидов заминаҳои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушд дар давраи то соли 2030-ро нахуст дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ҳадафҳои нави рушди устувори ҷаҳонӣ барои давраи то соли 2030 тибқи ҷаласаи 70-уми Асамблеияи Генералии СММ, арзёбӣ ва шарҳи натиҷаҳои татбиқи ҳуҷҷатҳои стратгии қаблӣ, тавсияҳои методологӣ ҷиҳати таҳияи СМР-2030, рушди минбаъдаи иқтисодӣ бо истифода аз модели эконометрикӣ арзёбӣ намуд.
Сатҳи пасти сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, сатҳи баланди фавти модар ва кӯдак, бемории сил дар минтақаҳо, афзоиши ҳолатҳои ВНМО/СТАҶГ ва бемориҳои ғайрисироатӣ, афзоиши сусти шумораи муассисаҳои томактабӣ, сифати пасти инфрасохтори мактабӣ ва норасоии маҳорату малакаи муаллимону омӯзгорон, ҳамзамон тағйирёбии иқлим ба ҳолати экологӣ ва муҳити зист, дастрасии нокифоя ба оби нӯшокӣ ва ғайраро аз мушкилоти мавҷуда баррасӣ намуд.
Маърӯзачӣ қадамҳои минбаъдаро дар ноил шудан ба СМР-2030 тавассути амалисозии Барномаҳои панҷсолаи миёнамӯҳлати рушд барои солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030, ҳамзамон мукаммал сохтани сохтори миллӣ ва минтақавӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ, ба низом даровардани низоми пешниҳод ва мубодилаи ҳамоҳангсозӣ байни вазорату идораҳо, минтақаҳо ва шарикони рушд, инчунин дар сатҳи зарурӣ ҷалб намудани сармояи дохиливу хориҷӣ барои татбиқи пурраи ҳадафу афзалиятҳои СМР-2030 шарҳ дод.
Мухбири «РБ»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво