26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Озмуни «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ҷамъбаст гардид

129
8-9 октябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор гардид.
Озмуни «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ҷамъбаст гардид

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, пас аз баррасии лоиҳаҳои пешниҳодгардида, аз ҷониби комиссия оид ба гузаронидани озмун барои беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ғолибон аз рӯи номинаи «Беҳтарин асари меъморӣ: Маҷмуаҳои шаҳрсозӣ» ташкилоти зерин муайян карда шуданд:
Озмуни «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ҷамъбаст гардид
-ғолиби ҷойи 1- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»,

-ғолиби ҷойи 2 – Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»,

-ғолиби ҷойи 3 — КВД «Лоиҳакаш».

Ғолибони озмун аз рӯи номинаи «Беҳтарин асари меъморӣ: Бино ва иншоот» ин ташкилот гардиданд:

-ғолиби ҷойи 1 КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз»,

-ғолиби ҷойи 2 — ҶСК «Саноатсоз»,

-ғолиби ҷойи 3 — ҶДММ «Арк Синон».
Озмуни «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ҷамъбаст гардид
Дар рӯзи дуюми форум муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода меҳмонони ин форумро хайрамақдам гуфт. Ноиби президенти Иттифоқи меъморони Федератсияи Русия, котиби масъули МАСА, академик И.Воскресенский иброз намуд, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи Байналмилалии Иттифоқҳои меъморон (МАСА) бо овоздиҳии якдилона Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсупов Президенти МАСА интихоб гардид.

Ҳамзамон собиқадорони соҳа ва устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо медали Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво