24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суғд якчанд иншооти таълимӣ ба истифода дода шуданд

152
Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти таълимӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, 7 октябр дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода бинои хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ, Маркази бақайдгирию тестӣ ва майдончаи варзиши теннис барои 200 нафар ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Маркази бақайдгирию тестӣ барои зиёда аз 100 ҷои нишаст ва хобгоҳи №1 бо усули замонавӣ сохта шудаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таълимии №37 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 175 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст ва 20 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълимгирандагон дарс мегӯянд. Инчунин муассиса аз 6 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат мебошад.
Сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгар раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Тоҷиклоиҳа-Инвест» таҳия ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ташкилоти пудратии ҶДММ «Сохтмон» иҷро гардидаанд.
Муассиса бо технологияҳои замонавӣ, 12 адад компютер, 1 адад видеопроектор ва 2 адад принтер таъмин мебошад.
Инчунин дар деҳаи Оби ширини Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба истифода дода шуд.
Муассисаи таълимии мазкур дорои 168 ҷойи нишаст буда, аз 6 синфхонаи таълимӣ ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Фонди Саудии Рушд аз ҷониби «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»» ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво