25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Форуми меъморони Тоҷикистон имрўз кори худро ба анҷом расонд

197
Форуми меъморони Тоҷикистон имрӯз кори худро ба анҷом расонд


Давоми ду рӯз - 8-9 октябр дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соли 2021 намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзи нахустини баргузории форум дар саҳни Театри опера ва балет намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявии «Беҳтарин асарҳои меъморӣ» ва намоиш-озмуни XXIX «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир мегарданд. Инчунин доир ба мавзӯъҳои «Соли 2021- соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди меъморӣ» конференсия доир гардид.
Форуми меъморони Тоҷикистон имрӯз кори худро ба анҷом расонд
Форуми меъморони Тоҷикистон имрӯз кори худро ба анҷом расонд
9 октябр Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор гардид. Сухани ифтитоҳии Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода меҳмонони ин форумро хайрамақдам гуфт. Ноиби президенти Иттифоқи меъморони Федератсияи Россия, котиби масъули МАСА, академик Воскресенский И.Н. ба сухан баромада, қайд намуд, ки дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои координационии Асотсиатсияи Байналмиллалии Иттифоқҳои меъморон (МАСА) бо овоздиҳии якдилона Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсупов Президенти МАСА интихоб гардид.
Форуми меъморони Тоҷикистон имрӯз кори худро ба анҷом расонд
Форуми меъморони Тоҷикистон имрӯз кори худро ба анҷом расонд
Сипас, Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода доир ба мавзӯъи «Дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар 30 соли истиқлолият ва рушди минбаъдаи соҳа» ва профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Муқимов Р.С. дар мавзӯи «Инноватсия дар омодасозии кадрҳои соҳаи меъморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Форуми меъморони Тоҷикистон имрӯз кори худро ба анҷом расонд
Форуми меъморони Тоҷикистон имрӯз кори худро ба анҷом расонд

Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Президенти МАСА Юсупов Б.Н. дар бораи баргузории чорабинии мазкур сухан ронд. Ў гуфт, ки бинобар зиёд будани маводи ба намоиш-озмуни байналхалқӣ таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” пешниҳод намуда, он бегоҳ ҷамъбаст карда хоҳад шуд. Вале намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявӣ: “Беҳтарин асарҳои меъморӣ” ҷамъбаст гардид ва ғолибон ба диплом ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон ба собиқадорони соҳа ва устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо медали Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Д.Табарова, "РБ"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво