29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мактаби роҳбаладони сайёҳӣ дар як сол то 70 нафар роҳнамо омода менамояд

450
Дар доираи барномаи Маркази омода намудани роҳбаладон дар бахши сайёҳӣ, ки дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон амал менамояд, дар як сол то 70 нафар роҳнамоён омода карда мешаванд.

Чунин зикр шуд дар маросими оғози таҳсил дар маркази таҷрибавии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, ки дар дараи зебоманзараи Ромит воқеъ аст.

Дар маросими оғози таҳсил ва машғулияти амалӣ Ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Тоҳир Хоҷазода, Ҳамоҳангсози TICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Эрбир, кормандони масъули Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёну устодони Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иштирокчиён оғози машғулияти амалиро дар самти омода намудани роҳбаладон ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.

Маркази омода намудани роҳбаладон дар бахши сайёҳӣ моҳи июни соли равон дар кафедраи сайёҳӣ ва хизмати Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди туризм ва омода намудани роҳбаладону мутахассисони ҳирфаӣ дар бахши сайёҳӣ таъсис дода шудааст. Маркази мазкур дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Туркия аз ҷониби TICA таъмир ва бо тамоми таҷҳизоти зарурии марбут ба соҳаи сайёҳӣ таъмин гардидааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво