23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир шуд

225
25-26 сентябр дар шаҳри Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest-2021) бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, ки дар он се ситораи деринтизори эстрадаи Шарқ — Юлдуз Усмонова, Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод ва ҳунармандони хушовози эстрадаи тоҷик бо суруду оҳангҳои дилнишину марғуб табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, барномаи фарҳангиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки фестивали мазкур соли сеюм аст бо ташаббуси бевоситаи Раиси муҳтарами шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор карда мешавад.
Дар Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир шуд


Дар даромадгоҳи фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда, иштирокдорони он, бахусус меҳмонони хориҷӣ аз маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик харидорӣ намуданд. Баҳри боз ҳам шавқовар гардонидани барнома бозии бурдҳои қиматнок ташкил гардида, иштирокдорон соҳиби туҳфаҳои арзишманд шуданд.

Инчунин дар фестивали мазкур парвоз дар кураҳои ҳавоӣ, бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон пешкаш гардид. Барои дӯстдорони ширинӣ беҳтарин анво пешниҳод гардида, ҳамчунин навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ва нӯшобаҳо аз меваҳои шаҳдбори сарзамин манзур шуданд.

Дар Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир шуд


Ёдовар мешавем, ки Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» гузаронида шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво