29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз мешавад

201
Имрӯз дар театрҳои Тоҷикистон мавсими нави театрӣ бо намоишҳои тоза ва ҷолиб оғоз мегардад. Мавсими нави театрӣ аз солҳои қаблӣ бо вижагиҳои худ, интихоби мавзӯъ, сатҳи касбият, шакли пешниҳоду нақшофарии ҳунарпешагон, сабку услуби коргардонҳо, саҳнаофариву мусиқӣ фарқ мекунад. Зимни мавсими нав ҳунарпешаҳои касбии мамлакат намоишҳои пурмазмунро аз эҷодиёти нависандагони машҳури тоҷик ва хориҷӣ омода намуда, ба саҳна мегузоранд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мавсими нави 92-юми театрии худро бо намоиши «Шикори шер»-и С. Усмонов аз рӯи асари адиби Миср Зайдон Ҷирчи оғоз менамояд.

Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский маросими оғози мавсими нави 84-уми театрии хешро бо спектакли «Ханума» ифтитоҳ мебахшад.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «мавсими нави театрҳо то моҳҳои июл-августи соли 2022 идома меёбад. Дар репертуари театрҳо соли равон намоиши асарҳои нави саҳнавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст ва мо ихлосмандону ҳаводорони театрро ба маросими мазкур барои тамошои ин намоишҳо даъват менамоем».

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳунармандони тоҷик дар мавсими нави театрӣ нақшаҳои зиёд доранду спектаклҳои навро ҳам барои тамошобинони хурдсол ва ҳам калонсолон дар жанрҳои гуногун ба саҳна хоҳанд гузошт.

Бояд гуфт, ки дар маросими оғози мавсими нави театрӣ масъулини Вазорати фарҳанг ва намояндагони касбу кори гуногун, ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, зиёиён ва ҳаводорони санъати театрӣ иштирок менамоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво