24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон дар вилояти Фарғонаи Узбекистон кӯдакистон бунёд намуд

204
Тоҷикистон дар вилояти Фарғонаи Узбекистон кӯдакистон бунёд намуд
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон бо харҷи 13 млн 350 ҳазор сомонӣ кӯдакистон бунёд намуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистони «Шапарак» Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигар намояндагони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ин даргоҳи маърифат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя бунёд шудааст.

Кӯдакистон бо тарҳи замонавӣ бунёд шуда, барои 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори бозии кӯдакон, толори хоби кӯдакон, толори қабули кӯдакони томактабӣ, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҳуҷраи техникӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар ошёнаи дуюм толори бозии кӯдакон, толори хоби кӯдакон, ҳуҷраи мураббиён, толори бозиҳои гимнастикӣ, толори омӯзиши шуғли мусиқӣ ҷойгир карда шудаанд.

Тоҷикистон дар вилояти Фарғонаи Узбекистон кӯдакистон бунёд намуд

Аксҳо аз Вазорати маориф ва илми ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво