29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пагоҳ дар Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 Юлдуз Усмонова, Арон Афшор ва Ҳамид Ҳирод ҳунарнамоӣ мекунанд

271
Пагоҳ, шоми 25 сентябр дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки се ситораи эстрадаи Шарқ — Юлдуз Усмонова, Арон Афшор, Ҳамид Ҳирод ва сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

«Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ — 2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» баргузор мешавад.

Дар фестивал баҳри фароғату истироҳати иштирокчиён шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо ташкили шоу-консерт, хӯрокҳо ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва обҳои ташнагишикан, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ ва театрӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ ва дигар чорабиниҳои сайёҳиву фароғатӣ хотири меҳмонон болида гардонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аввалин фестивали тобистона дар пойтахт 18-19 августи соли 2018 баргузор шуда буд. Дуюмини он моҳи августи соли 2019 доир гардид. Соли 2020 Фестивали тобистонаи «Dushanbe Summer Fest» бинобар пандемияи коронавирус лағв карда шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво