19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд аз таъмири хушсифат бароварда шуданд

984
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмиру тармими муассисаҳои тиббии шаҳр ва иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2016-соли фарди солим» тадбирҳои муассир андешида, дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.
Тавре аз шуъбаи тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, чанде пеш бо маблағгузории 430 000 сомонӣ аз ҷониби МИҲД-и шаҳр Беморхонаи сироятии маркази вилоят, аз ҷумла, шуъбаҳои 3,4,5-уми бемориҳои шадиди рӯдаю меъдаи кӯдакона пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуданд.
Ҳамчунин дар 9 моҳи соли 2016 бо маблағгузорӣ аз буҷаи шаҳр дар таваллудхонаи шаҳрӣ ба маблағи 146 ҳазору 520 сомонӣ боми шуъбаи амрози занона тунукапӯш карда шуда, дар Беморхонаи шаҳрии №2 таъмири ҷорӣ гузаронида шуд. Бинои якошёна сафолакпӯш гардида, қисман боми шуъбаи амрози занона ва ҳуҷраи рентгенӣ низ шиферпӯш карда шуд.
Ҳоло дар беморхонаи шаҳрии №2 таъмири бинои якошёна ва дар Маркази саломатии шаҳрӣ №5 таъмири намуди берунии бино идома дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво