24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муаррифии лоиҳаи ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ дар Хуҷанд

1032
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Шариф Шарифзода муаррифии лоиҳаи «Харитаи ҷойгиршавии интерактивии қуттиҳои партов, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасрафи корношоям ва макони оббозии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ҳадаф аз муаррифии лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби роҳбарияти ширкати «Тирози ҷавонӣ» пешкаш гардид, ба густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи муҳити зист, босамар ва мақсаднок истифода бурдани неъматҳои табиат, иттилоотонии саривақтии шаҳрвандон, тарбияи экологии насли наврас ва ҷавонон равона гардидааст.
Лоиҳаи мазкур, ки муҳлати амалишавии он 3 моҳ буда, дар он 10 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд чун минтақаҳои мақсадноки лоиҳа фаро гирифта мешаванд, ҳамчунин ташкил намудани «Минтақаи сабз» дар шаҳр, ба навъҳо ҷудокунии партовҳо, ташкили монеаҳо барои пешгирии партовҳо дар ҷойҳои муқаррарнагардидаро дар бар гирифта, ҳамзамон дар он муайян кардани вазъияти кунунии ҷойгиршавии қуттиҳои партов дар маҳаллаву микроноҳияҳо, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасраф ва ҷадвали кори нақлиёти партовкашонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво