24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФФТ дар шаҳри Хоруғ майдончаи футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

108
Бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ боз як майдончаи футбол ба истифода дода шуд. Ҳадафи ифтитоҳи ин майдонча тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби кӯдакону наврасони шаҳр ба футбол мебошад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани майдони нави футболи хурд роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва намояндагони ФФТ иштирок намуданд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ибтикори созанда ва бунёди як майдончаи дигари футбол дар шаҳри Хоруғ, инчунин гузоштани саҳми арзанда дар рушд ва оммавигардонии футбол дар кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.

АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво