25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмони 2 бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳияи Балҷувон оғоз бахшиданд

112
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон ба корҳои сохтмони 2 бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии иншооти сохташаванда 50 садяк заминро дар бар гирифта, замини зери сохтмон 124 метри мураббаъ мебошад.

Дар биноҳои бунёдшаванда 50 хонаи истиқоматии барҳаво, аз ҷумла 10 хонаи 1 ва 40 хонаи 2-ҳуҷрадор ҷойгир карда мешаванд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаши он Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «САНИИОСП» мебошанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди биноҳои истиқоматӣ Сарвари давлат ба таъмини сифати кор дар рафти бунёди сохтмон дастуру маслиҳатҳо доданд.

Бинои истиқоматӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани кормандони касбу кори гуногун бо манзили истиқоматии хизматӣ сохта шуда, дар он шароити хуби зиндагонӣ фароҳам оварда мешавад.

Тибқи лоиҳа, дар назди иншоот майдончаи бозии кӯдакона ва истироҳати калонсолон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон ҳарду бинои бунёдшаванда дорои лифт ва ҷойи махсуси либосхушккунӣ хоҳанд буд.

Мутобиқи нақша оянда дар ин ҷо боз як бинои дигари 5 ошёнаи истиқоматии хизматӣ сохта мешавад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисми бештари кормандони сохторҳои гуногун бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ таъмин гардиданд ва оғози сохтмони 2 бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳияи Балҷувон аз тадбирҳои навбатӣ дар ин самт ба шумор меравад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво