26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт

106
23 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 20 то 23 сентябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор доштанд.

Дар ҷараёни сафари кории бобарору созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти таъйиноти гуногунро, ки аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар сохта шуданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво