25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо ҳайати устодону кормандони ДМТ мулоқот намуд

96
Нимаи дуюми рӯзи 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДМТ хабар медиҳад.

Меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисиро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар намояндагони сохторҳои дипломатии ҷумҳурӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Эрон аз дастовардҳои илмию тахникии ДМТ, ки масъулин дар саҳни донишгоҳ бо тарроҳии наву замонавӣ ба намоиш гузошта буданд, дидан намуд. Намоишгоҳ аз гӯшаҳои китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, таҳқиқотҳои илмие, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самтҳои гуногун пажӯҳиш шудаанд, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизотҳои муосири фанҳои табиию риёзӣ, маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ғайра иборат буд, ки он хеле таъсрбахш ва ҷолиби диққат буд.

Баъд аз тамошои дастовардҳои донишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар толори калони донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ мулоқот анҷом дод.

Ректори ДМТ Қ.Хушвахтзода роҷеъ ба муҳиму саривақтӣ будани вохӯрии мазкур ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши маориф, дар мисоли ДМТ ибрози андеша намуд. Дар идомаи суханронӣ қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллиро дар робита ба узви ифтихории Шӯрои олимон ва доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардидани Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ироа намуд. Ректори ДМТ Қ.Хушвахтзода зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пӯшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Шӯрои олимони ДМТ зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барои саҳми босазояш дар рушди ҳамкории илмиву таълимӣ бо чунин унвон сазовор дониста шуд.
Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ зимни суханронии хеш бо изҳори сипос аз роҳбари давлат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти мазкурро яке аз самтҳои муҳимми таҳкими дӯстӣ ва боварӣ миёни мардуми фарҳангдӯсти Эрону Тоҷикистон унвон кард.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Донишгоҳи миллӣ чанд навъи дастгоҳои наву замонавӣ барои самтҳои илми химияву биотехнология, аз қабили «Электроспиннинги як насоса», «Спитеринг» «Инфиҷори электрикӣ», «Спектрофотометри нури дугона» ва китоби «Донишномаи забон ва адабиёти форсӣ» иборат аз 12 ҷилдро ҳамчун туҳфа овард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво