19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар фазои амну ороми Тоҷикистон иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ҷараён дорад. Назари хабарнигорону коршиносон дар ин бора

135
Тавре қаблан иттилоъ додем, бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуоти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъсис ёфтааст. Ҷиҳати инъикоси ин иҷлосияи муҳими сиёсӣ беш аз 500 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд.

Хабарнигори Агентии Франс-Пресс Кристофер Риклон аз зумраи хабарнигороне мебошад, ки барои инъикиси иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе омадааст. Мавсуф зимни суҳбат бо мо таассуроташро чунин баён дошт: «Ман чанд сол пеш ба шаҳри Душанбе омада будам, вале ин бор симои пойтахти Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, хеле дигаргуниҳо шудааст. Душанбе шаҳри хеле зебову сабз мебошад. Табиати ин шаҳр ба ман хеле писанд аст, зеро иқлимаш дар ин вақти сол хеле муътадил аст. Ман бори охир ба ин шаҳр соли 2010 омада будам ва назар ба он сол хеле дигаргуниҳо шудаанд, биноҳои баландошёна, кӯчаҳои гулпӯш. Албатта, ин ҳама зебоии табиии ин шаҳри гулпӯш диққати дилхоҳ меҳмонро ба худ ҷалб месозад».
Дар фазои амну ороми Тоҷикистон иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ҷараён дорад. Назари хабарнигорону коршиносон дар ин бора
Хабарнигори Агентии Франс-Пресс мегӯяд, ки чандин маротиба дар ҷаласаҳои СААД ширкат доштааст, вале бори нахуст аст, ки дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунад. Ӯ гуфт, «барои мо, рӯзноманигорон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва мо имкони инъикоси саривақтии ин чорабинии муҳими сиёсиро дорем. Таваҷҷуҳи асосии маро вазъи Афғонистон ба худ ҷалб кардааст, ки албатта, сарони кишварҳои узви ин созмонҳои бонуфуз ба он таваҷҷуҳ хоҳанд кард».

Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдуллои Давлат мегӯяд, ки дар рӯзномаи ин созмони амниятӣ бисёр масъалаҳои муҳиме, ки аз ривоҷи воқеаҳо дар ҷаҳони имрӯз бармеоянд, гузошта шудаанд. Интизор меравад, ки масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд ва дар асоси муҳокимарониҳо ва шунидани нуктаи назари сарони давлатҳо қарорҳои муҳим қабул мегарданд.

Ба андешаи коршноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи сарҳади ҷанубии кишварҳои узви СААД бо Ҷумҳурии Исломии Авғонистон аз бахшҳои муҳими ҷаласа арзёбӣ мешавад, ки сарони кишварҳо ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

«Масъалаҳои дигар — ин таҳким бахшидан, расонидани кумаки ҳарбӣ-техникӣ ба қӯшунҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мубориза ба муқобили киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои иттилоотӣ низ аз масъалаҳои матраҳ хоҳад буд. Асоси масъала- ин ташкил намудани як чатри амниятие мебошад, ки дар зери он давлатҳои аъзои созмон бояд фаъолияти минбаъдаи худро бехатар, босубот ва боамният таъмин намоянд»,- гуфт Зубайдулло Давлат.

Хабарнигори телевизиони «Ҷаҳоннамо» Илҳом Ализода мегӯя, ки «мояи сарфарозии мо, тоҷикистониён аст, ки дар фазои амну суботи кишвар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баргузории сатҳи хуби ин чорабиниҳои сиёсӣ ҳанӯз аз оғози сол омодагии ҷиддӣ гирифта буд. Аз ҷумла, барои хабарнигорон дар Китобхонаи миллӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Гумон мекунам, тамоми хабарнигорон аз ин ҳама имконот розиянд ва инро аз қиёфаашон метавон пай бурд. Аз ҷумла, барои пешниҳоди гузоришҳои фаврию мустақим барои мо хабарнигорон тамоми шароит муҳаё шудааст, танҳо моро зарур аст, ки бо дарки рисолати касбӣ ин иҷлосияҳои муҳими сиёсиро инъикос намоем».

Бори дигар ёдрас мешавем, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ идома дорад ва ҷараёни онро хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷ инъикос месозанд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз муаллиф




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво