28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Узбекистон Фестивал-озмуни байналмилалии ҳунармандони навъи достонсароӣ ва конфронси илмӣ бахшида ба ҳифзи мероси фарҳангӣ доир мешавад

184
Аз 17 то 21 сентябр дар шаҳри Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон Фестивал–озмуни байналмилалии ҳунармандони навъи достонсароӣ ва конфронси илмӣ бахшида ба ҳифзи мероси фарҳангӣ баргузор мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар Фестивал–озмуни байналмилалӣ намояндагони зиёда аз 20 кишвари олам ширкат хоҳанд кард.

Аз ҷониби Вазорати маданияти Узбекистон аз ҷумҳурии мо ба фестивал достонсарои маъруф Муқим Камолов аз ноҳияи Рашт даъват гардидааст, ки ба ҳакамону меҳмонони фестивал намунаҳои қадими достонҳои гуруғлиро пешниҳод мекунад. Ин ҳунарманди тоҷик намояндаи мактаби достонсароии устоди зиндаёд Ҳикмат Ризо маҳсуб шуда, умед аст, ки дар озмуни мазкур услуби хоси тоҷикии ҳамосаро бо ҳунари баланд намоиш диҳад.

Ба ҳайати ҳакамони байналмилалӣ намояндаи Тоҷикистон – доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ низ шомил аст.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво