25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳфили бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

1847
 Маҳфили бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ5-уми октябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара маҳфили бошукӯҳ доир гардид.
Роҳбарияти шаҳр табрикоти хешро бо эҳтирому арҷгузорӣ ба мақому манзалати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати гиромӣ доштану ҳифз кардани забони ноби тоҷикӣ ба аҳли нишаст ва ба кулли мардуми шарифи Исфара ироа намуданд.
Инчунин дар маҳфил омӯзгорон ва толибилмони дабистонҳои шаҳр дар ситоиши забон маърӯза ва шеърхонӣ карда, маҳфилро рангину таъсирбахш гардонданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво