22 сентябр 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

СААД барои ҳифзи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон барнома таҳия менамояд

17
Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ /СААД/ барномаи таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия менамояд. Дар ин бора Дабири кулли СААД Станислав Зас зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар Душанбе изҳор дошт.

Ин изҳорот дар пайи ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони дифоъ, корҳои хориҷӣ ва ҳамчунин котибони шӯроҳои амнияти СААД қабул шудааст. «Маълумот дар бораи рафти омодасозии лоиҳаи барномаи ҳадафноки байнидавлатии СААД барои таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистон ва Афғонистон шунида шуд»,-гуфт Зас.

Ба гуфтаи дабири кулли Созмон, нақшаи таъмини амнияти манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон дар Тоҷикистон ниҳоӣ хоҳад шуд. Дар доираи тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузории амалиёти зидди маводи мухаддири «Канал» ва амалиёти байнидавлатӣ барои муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал» дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои дифои кишварҳо — намояндагони СААД ва котибони амният баргузор шуд. Вазъи ноором дар Афғонистон, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории байналмилалӣ аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа буданд. Дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ борҳо изҳор доштаанд, ки дар сурати таҳдиди эҳтимолӣ аз кишвари ҳамсоя нияти ҳифзи марзи Тоҷикистонро доранд.

Маҳз як моҳ қабл, 15 август ҷонибдорони ҳаракати радикалии “Толибон”, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнӯъ мебошад, дар Афғонистон ба қудрат расиданд. Мақомоти бисёр кишварҳо ҳарос доранд, ки ҷангҷӯён Афғонистонро ба макони террористон табдил медиҳанд.

ДАР АКС: котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва дабири кулли СААД Станислав Зас.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво