23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар пойтахти Тоҷикистон иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД баргузор мешавад

150
16 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Дар иҷлосия Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СПАД Станислав Зас иштирок мекунанд.

Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмон дар давраи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард, инчунин маълумотро дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати қарибулвуқӯъи СААД дар Ҷумҳурии Арманистон мешунаванд.

Дар поёни иҷлосия қабули Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва тақрибан понздаҳ қарор дар назар аст.

Дар нишасти Душанбе давраи фаъолияти ниҳодҳои оинномавии СААД дар доираи раёсати Тоҷикистон ба анҷом мерасад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво