28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Интизор меравад, ки дар саммити СҲШ дар Душанбе оид ба оғози раванди қабули Эрон чун узви комилҳуқуқи Созмон қарор қабул шавад

118
17 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд. Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.

Дар ҷараёни саммити ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд. Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, иқдомҳои муштаракро дар доираи СҲШ баҳри рафъи оқибатҳои буҳроне, ки аз пандемияи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарики муколама ба Ҷумҳурии Мисри Арабӣ, Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор қабул кунанд.

Сарони давлатҳои узв ҳамчунин дар бораи Дабири кулли нави Созмони ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ қарор қабул хоҳанд кард.

Дар поёни ҷаласа бори аввал дар таърихи СҲШ Суруди Созмон, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расидааст, садо медиҳад.

Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити таърихии СҲШ Эъломияи душанбегии 20-солагии СҲШ ва тақрибан сӣ қарор қабул карда шаванд.

Акс аз бойгонӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво