19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар қасри Таврический ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ сурат гирифт

322
9 сентябр дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни он табрикоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба меҳмонон муовини Дабири кулли Шӯрои АБ ИДМ — намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода қироат кард.

Дабири кулли Шӯрои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский зимни суханронии табрикии худ ба фаъолияти намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва нишони фахрии АБ ИДМ «Барои хизматҳои шоён дар рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ» -ро ба намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода тақдим намуд.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Назарӣ аз роҳи ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр сухан ронда, аҳамияти дастовардҳои онро, ки дар ниҳоят ба “истиқлолияти иқтисодӣ ва сиёсӣ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои давлат ва ҷомеа» равона гардидааст, иброз намуд.

Губернатори Санкт -Петербург Александр Беглов ва Губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко низ ба намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сатҳи ҳамкории минтақавӣ изҳори минатдорӣ намуданд.

Ба муносибати санаи муҳим дар толори қасри Таврический аксҳои рассомони тоҷик, инчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ баргузор гардид.

Дар фарҷоми ҷашн консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво