28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Шаҳринав коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона ва марказҳои хизматрасонию омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба истифода дода шуданд

243
Ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Селбури 1, Роҳи нав, Элок, Боғистон, Ҳаёти нав ва маҳаллаи Ҳосилоти ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол, Акрам Ҳасанов, Чуст ва М.Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав 2 коргоҳи дӯзандагӣ, маркази омӯзиши забонҳо, маркази хизматрасонӣ, мағозаи молҳои сохтмонӣ ва мавриди ниёзи аввал, нонвойхона ва сартарошхона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти ҷашнӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ва раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода иштирок намуда, сокинони ин деҳаҳоро ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Зикр шуд, ки вусъат гирифтани раванди созандагӣ нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ миёни аҳли ҷомеа мебошад. Зеро дар ин раванд шаҳрвандони кишвар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Мардуми меҳнатқарини кишвар барои беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори деҳот ёрии амалӣ расонида, дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмири роҳу пулҳо ва дигар корҳои ободонӣ ҳиссаи сазовор доранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво