19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон барномаҳои идона доир мешаванд

231
Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандону чирадастони деҳаҳои Шипад, Вознавд, Деҳ ва Шидзи ноҳияи Рӯшон зимни намоиши ҳунарҳои дастӣ таомҳои миллӣ, дастовардҳои деҳа ва маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аз ҳунари баланди кадбонугӣ ва косибиашон дарак медод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон.

Ёдовар мешавем, ки дар деҳаҳои ноҳияи Рӯшон ҳамарӯза бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилабарномаҳои идона бо иштироки сокинон ва меҳмонон баргузор карда мешаванд,

Ба муносибати ин ҷашни фархунда дар деҳаи Шидзи Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиев ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардида, хурду бузург бо либосҳои идона ҷамъ омаданд.

Зимни ҷамъомади мазкур муовини раиси ноҳия Лайло Чоршанбезода ҳозирин ва иштирокдоронро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон шодбош гуфт.

Раиси Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиев Нозигул Абдулвоҳидова зимни ҳамоиши идона зикр кард, ки “дар тӯли 30 соли истиқлолият ин ҷамоат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Мо дар симои як ҷамоати деҳот мебинем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар гӯшаи он оғоз мешавад. Мо бояд ин неъмати бебаҳо ва ганҷи нодир- соҳибистиқлолии давлатамонро ҳамаҷониба ҳифз намуда, ба наслҳои оянда расонем”.

Дар хатми ҳамоиши идона бархе аз фаъолони ин ҷамоати дурдаст, ки баҳри созандагиву ободонӣ ва пешрафти ҷамоат саҳми арзанда гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон қадршиносӣ гардиданд.

Ҳаваскорони ҷамоат бо барномаи ҷолибу рангини фарҳангӣ ба ҷамъомад таровати хосса бахшиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво