19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суғд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон паради ҳарбӣ доир шуд

107
Имрӯз, 7 сентябр дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Баъд аз гузориши сардори гарнизони Суғд оид ба омодагии ҷузъу томҳо муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди иштирокчиён сухан гуфтанд.

Давлаталӣ Саид аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли афсарону сарбозонро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳамсозии шароити зарурӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуд ва афсарону сарбозон дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо кардаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозон ва тамоми иштирокдорони чорабиниро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба сокинони вилоят хушбахтиҳои рӯзгор таманно кард.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, навсозии иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ дар оянда низ ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешанд.

-Мо аз он ифтихор менамоем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои двлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Тақвият пазируфтани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд.

Мо бояд тавре рафтор намоем, то мардуми шарифи тоҷик дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишварро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта барад,- иброз дошт роҳбари вилоят ва изҳори боварӣ кард, ки хизматчиёни ҳарбӣ- аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро ҳимоя менамоянд.

Дар идома паради низомии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, захираҳои сафарбарӣ, афсарону сарбозони гарнизони Суғд ҷараён гирифта, дар он афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ, қисмҳои ҳарбӣ, воҳидҳои таъйиноти махсус, қӯшунҳои сарҳадиву хушкигард, курсантони муассисаҳои таълимии ҳарбӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, суд ва прокуратура, раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти иҷро, гумрук, андоз, ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво