29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ҷудо намудани маблағ ба иштирокчиён ҶБВ ва ятимони кулли мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ба имзо расид

146
Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷудо намудани маблағ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар асоси ин Қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлатӣ аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблаггӯзорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ расонидани кӯмаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.

Бояд гуфт, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳраманд мегарданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво