29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПЛАТС-КОНСЕРТ БО СИЛОҲИ КАРАБИН ВА ГУЗАШТИ НИЗОМИИ АФСАРОНУ АСКАРОНИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ. Имрӯз 26-солагии фаъолияти Гвардияи миллӣ таҷлил шуд

122
Имрӯз хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 26-солагии фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тантана таҷлил намуданд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорон ва ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллӣ.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳрии Тоҷикистонро ба ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ расонда, онҳоро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсиси Гвардияи миллии ҶТ табрик гуфт. Мавсуф аз роҳи пуршарафи ҷангӣ ва саҳми арзандаи афсарону аскарони Гвардияи миллӣ дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷасорату мардонагии онҳо дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ёдовар шуд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Гвардияи миллӣ ниҳоди махсуси низомӣ аст, ки вазифаҳои муҳими давлатиро ба зимма дорад. Иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, садоқат ва муҳаббат ба ин сарзамину муқаддасоти онро тақозо менамояд. Дар идома аз паёми табрикии Пешвои миллат таъкид гардид, ки афсарону аскарони Гвардияи миллӣ бояд бо интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрат бошанд. Зикр шуд, ки ҳар командир вазифадор аст, ки дар замири аскарон ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намояд ва онҳоро маҳорату малакаи ҷангӣ омӯзонад.

Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода аз кумаку дастгириҳои Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карда, аз дастовардҳои Гвардияи миллӣ дар тӯли 26 соли фаъолият ва вазифаҳои ояндаи ҳайати шахсӣ ёдовар шуданд. Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ 19 нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ барои хизмати шоиста ва нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин гурӯҳи дигар аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов табрик гуфта, ба иштирокчиёни фаъоли сабқатҳои варзишӣ Сипосномаи Кумитаи иҷроияро супорид.

Дар баробари ин ғолибони озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву варзишӣ, ки ба ифтихори ҷашни истиқлол ва Рӯзи таъсиси гвардия гузаронида шуда буд, бо ҷоми Фармондеҳ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомади тантанавӣ Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ маҳорати ҳарбии хешро бо ҳаракатҳои мавзуни низомӣ, яъне платс-консерт бо силоҳи карабин намоиш дод. Дар идомаи он ҳайати шахсиии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чусту чолокӣ навиштаҷоти 30 — соли истиқлолро дар саҳни қисми ҳарбӣ тасвир карданд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсиси Гвардияи миллӣ бо иҷро намудани суруди ифтихории Горди миллӣ ҷамъбаст гардида, дар охир афсарону аскарон тибқи анъанаи низомӣ таҳти оҳангҳои мутантани Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон расми гузашти низомӣ анҷом доданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво