27 январ 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуда, ба истиқболи 30-солагии Истиқлол ба кормандони ин иншооти азим мукофотҳои давлатӣ супорид

75
Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки фаъолияти дастаҷамъона ва дарки баланди масъулиятшиносии кормандони ин Кохи нур имкон фароҳам овард, ки ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шавад ва агрегатҳои дигари ин иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат низ мувофиқи нақша дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуда, ба истиқболи 30-солагии Истиқлол ба кормандони ин иншооти азим мукофотҳои давлатӣ супорид
Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷушу хуруш ҷараён дошта, 10 954 нафар бо истифодаи 3 181 техникаву механизми муосири соҳавӣ бо ҳисси баланд ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, ба бунёди иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат саҳми худро гузошта истодаанд.

Аснои шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иттилоъ дода шуд, ки айни замон корҳои бетонхобонӣ дар толори мошинҳо ва васлу насби анкерҳои АЖГ ва ПНА дар ин қитъа давом дорад.

Корҳои ҳаффори дар нақбҳои ҷаббандаи №1-3 идома дошта, дар маҷмуъ дар хачми 33 786 метри мукааб ба иҷро расидааст.

Дар баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 корҳои заминӣ ва мустаҳкамкории канораҳои куҳ идома дорад. То ин давра зиёда аз 4 млн 614 ҳазор метри мукааб корҳои заминӣ, 189 094 метр гузоштани анкерҳои ПНА ва АЖГ ва 198 226 метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ иҷро гардидааст.

Корҳои сохтмону васлгарӣ дар нақби сохтмонии СТ-4 тибқи лоиҳа давом дорад.

Ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ бо дарназардошти нақбҳои дастрасӣ 631 201 метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 108 363 метри мукааб, гузоштани анкерҳои АЖГ 26 041 метр, корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда 21 037 метр ва сементасияи пуркунанда 52 171 метри мураббаъро ташкил медиҳанд.

Корҳои васлу насби оҳанфулузот дар қисми камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосӣ идома дошта, дар ҳаҷми 550 тонна оҳанфулузот васлу насб гардидааст.

Корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, тозаю ҳамвор ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо аз сатҳи 1 552 метр идома дорад.

Корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ дар иншооти камераи васлгарии турбинаҳо ба анҷом расида, корҳои омодагӣ барои хобонидани бетони конструктивӣ идома доранд.

Корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунӣ дар нақбҳои обрасони № 1,2,3,4, 5 ва 6 қисмати болоӣ идома доранд. Ҳаҷми корҳои нақбканӣ 92 936 метри мукааб ва ҳаҷми корҳои бетонхобонӣ 2 378 метри мукаабро дар бар мегирад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуда, ба истиқболи 30-солагии Истиқлол ба кормандони ин иншооти азим мукофотҳои давлатӣ супорид

Корҳои нақбканӣ дар шахтаҳои обрасони қисмати поёнӣ идома дошта, то ин давра дар ҳаҷми 35 509 метри мукааб ба анҷом расидааст. Ҳаҷми бетони хобонидашуда 104 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Корҳои нақбканӣ дар шахтаҳои обрасони қисми болоӣ дар тарози 1300 метр низ идома дошта, то ин давра дар ҳаҷми 12 344 метри мукааб корҳои нақбканӣ иҷро гардидааст. Ҳаҷми бетони хобонидашуда ба 404 метри мукааб баробар аст.

Дар нақбҳои ҷаббандаи №1, №2 ва №3 корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамнамоӣ бомаром ҷараён дорад.

Корҳои заминӣ ва хокбардории ҷинсҳои куҳии ғайрикондитсионӣ дар қисмати канораҳои чап ва рост барои омода намудани таҳкурсӣ идома дошта, дар ҳаҷми 1 505 метри мукааб ҷинсҳои куҳӣ кашонида бароварда шудааст.

Корҳои хобонидани шағалзамин дар сатҳҳои 1122м, 1125м, ва ҷинсҳои куҳӣ дар сатҳи 1120м идома дошта, дар ҳаҷми -242 199 метри мукааб мавод хобонида шудааст.

Корҳои заминӣ ва тоза намудани паҳлуҳои куҳҳо дар қисмати соҳили рости ядрои асосӣ дар сатҳҳои 1064м то 1054м ва корҳои заминӣ, тоза намудани паҳлуҳои куҳҳо, анкергузорӣ ва торкретпошӣ дар қисмати соҳили чапи ядрои асосӣ дар сатҳҳои 1110м ва 1077м ҷараён дорад.

Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар шаҳри Роғун таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои НБО “Роғун” баргузор гашт.

Таъкид гардид, ки ҷараёни бунёди НБО “Роғун” таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри вусъат бахшидани корҳо дар ин самт имкониятҳои лозима марҳила ба марҳила фароҳам оварда мешавад.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳими ҷойдошта баррасӣ гашта, оид ба тезонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода супоридани агрегатҳои дигари Кохи нур аз масъулон ва шарикони рушд истифодаи мақсадноки шароити фароҳамгашта ва амалӣ сохтани нақшаҳои зарурию саривақтӣ талаб карда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мукофотҳои давлатиро супорид.

Дар маҷмуъ 18 нафар, аз ҷумла 13 нафар бо медали Хизмати шоиста, як нафар бо медали «Шафқат» ва 4 нафар бо ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Саҳм гузоштан дар бунёди иншооти муҳиму тақдирсоз-Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Кохи нури Тоҷикистон» ва «ҳаёту мамоти мардуми тоҷик» номида буданд, барои ҳар як фарди худшиносу ватандӯст мояи ифтихор ва шарафмандӣ аст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар рафти супоридани мукофотҳои давлатӣ таъкид намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати содиқонаи ҳар як корманди ин иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакатро қадр менамоянд ва сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ нишонаи сиёсати муваффақонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар аст.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво