Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
180
31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супориданд. Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки имрӯз шахсоне бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки саҳми онҳо дар тӯли сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ аз саҳми арзандаи собиқадорон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар рушду пешрафти ҷомеа ва таҳкими сулҳу субот, таъкид доштанд, ки ҳар яки шумо барои ободии Ватани соҳибистиқлоламон, таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ва пешрафти кишвари азизамон содиқона заҳмат кашидаед ва роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат имрӯз фаъолияти софдилонаи шуморо ба таври сазовору шоиста қадрдонӣ мекунанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос илова ба мукофотҳои давлатӣ ба ҳама собиқадорон, барои кору фаъолияти ватандӯстонаашон миннатдории самимӣ баён карданд. Ин қадршиносиҳои Пешвои муззами миллат ва бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданро метавон подоши хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маънидод намуд. Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар пешрафти кишвар бештар аз 90 нафар ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, қадрдонӣ шуданд. Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакатро бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қадр карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани мукофотҳои давлатӣ аз роҳбарони шохаҳои гуногуни ҳокимият ва сохторҳои идораи давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки мардуми заҳматпеша, бонангу номус ва таҳаммулгарои кишварро сарварӣ намоянд, онҳоро ба ҳифзу таҳкими дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар созанд. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, роҳбарон бояд намунаи заҳматкашӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат ва халқи Тоҷикистон бошанд. Дар ин кори муҳим, инчунин, аз собиқадорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо таҷрибаи зиёд дар роҳи тарбияи насли оянда саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд, зеро ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳо бо заҳмати содиқона дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат дар байни ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ мебошанд. Дар миёни бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшудагон Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд низ мебошанд. Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти кишвар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд. Аҳли кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмудро, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофоти олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик менамоянд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |