29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба кормандони Кумитаи меъморӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

182
Имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмони мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд, ҷамъомад доир гардид.
Дар ҷамъомад муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд иштирок намуд.
Ба кормандони Кумитаи меъморӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони нзди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Абдураҳмон дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як диёри шукуфон мубаддал гаштааст.
Сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рӯзгори сокинони кишварамон аз он ибтидо мегирад.
Ба кормандони Кумитаи меъморӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

Имрӯз дар сар то сари ҷумҳурӣ бунёди иншооти замонавӣ бомаром идома доранд, ки ин ҳама саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии кишвар ва ободии Ватанамон мебошад.
Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади қадршиносӣ ва заҳмату талошҳои кормандони касбу кори гуногун, дастовардҳо дар фаъолияти меҳнатӣ ва нишон додани натиҷаҳои хуби меҳнатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ба кормандони Кумитаи меъморӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

Дар қатори ин шахсиятҳо кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Иттифоқи меъморони Тоҷикистон низ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмони мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, ки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд тақдим намуд. Инҳо: Олим Қурбонов корманди гуруҳи лоиҳакашони Иттифоқи меъморони Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста”, Сафарзода Шариф муовини сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ бо медали “Хизмати шоиста”, Нурзода Раҳмоналӣ сардори КВД “Ташхисгар” бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломзода Муродбек Директори КВД “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” бо Ифтихорнмаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзоева Анор сардори шуъбаи мониторинги арзиши маҳсулотҳои сохтмонӣ, технологияи информатсионӣ ва таъминоти барномавии КВД “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ба кормандони Кумитаи меъморӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шудБа кормандони Кумитаи меъморӣ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд

Пас аз супоридани мукофотҳо Каримзода Абдураҳмон иброз намуд, ки кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои лоиҳакашӣ, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ ва ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ будани онҳо, вусъат бахшидан ба раванди бунёдкорӣ ва ободу зебо кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегардем.
“РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво