29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дилафрӯз Саидӣ бо медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф»-и Федератсияи Русия қадрдонӣ гардид

231
Ректори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ бо медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф» (За инновации в области образования)-и Федератсияи Русия қадрдонӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

26 август дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар шоҳроҳи Истиқлол» баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофоти мазкурро ба Дилафрӯз Саидӣ тақдим намуд.

Медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф» ба Дилафрӯз Саидӣ аз рӯйи натиҷаҳои озмуне, ки аз ҷониби Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдори Федератсияи Россия барои фаъолияти навоварона дар соҳаи маълумоти олӣ эълон шуда буд, тақдим гардид. Дилафрӯз Саидӣ бо пешниҳоди беш аз 30 шаҳодатномаи илмии донишкада, ки бештарашон дар соҳаи илмҳои техникӣ мебошанд, аз миёни тамоми муассисаҳои олии кишварҳои ИДМ ғолиби озмун дониста шудааст.

Чунин медали тилло бори нахуст ба яке аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуда, ҳадаф аз он ҳавасмандсозии роҳбарони макотиби олӣ ва омӯзгорони навовар дар ташаккул ва муаррифии илм ва мудирият (менеҷмент)-и муосир мебошад.

Дилафрӯз Саидӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент ва узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон мебошад. Мавсуф рисолаи номзадиашро аз рӯи илмҳои техникӣ дар Русия ҳимоя кардааст.

АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво