19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Исфара ба оилаҳои шаҳидони муноқишаҳои марзӣ замини наздиҳавлигӣ дода шуд

133
Аз ҷониби раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба 10 оилаи шаҳидони муноқишаҳои наздисарҳадии 28-29 апрел рухдода аз шаҳри Исфара қитъаҳои наздиҳавлигӣ дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд.

Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, ба дастгирии оилаҳои шаҳидони муноқишаҳо равона гардидааст. Қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Ворух ва 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Сурх дода шуда, инчунин варзишгари номӣ Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва 2 оилаи камбизоат низ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳри Исфара таъмин карда шуданд.

Бояд гуфт, ки вазъи оилаҳои дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарардидаву шаҳидгардида, раванди таҳсили фарзандони онҳо пайваста зери назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, хосса раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода қарор дорад.

-Мо, — мегӯяд яке аз ҷабрдидагони оилаҳо дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ Раҳматҷон Ниёзов, — аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода миннатдор ҳастем. Зеро дар лаҳзаҳои вазнин дар паҳлуи мо буданд ва кумак намуданд. Бо иқдоми бевоситаи шаҳрдорӣ аз шаҳри Исфара замини наздиҳавлигӣ доданд. Ин далели он аст, ки Ҳукумати кишвар ғамхори мардум аст. Мадад расонидан ба оилаҳои шаҳидгаштаи муноқишаҳои марзӣ, кумаки молию пулӣ ба онҳо, дар муддати кӯтоҳ бунёди хонаҳои замонавӣ барои оилаҳои зарардида дар деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло, бо саҳми соҳибкорону нафарони ватандӯст тадбирандешӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии наздимарзӣ аз ҷумлаи амалҳоест, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шиори доимии худ қарор додааст.

-Додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ин охири кор нест, — мегӯянд масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. – Дар назар аст, ки минбаъд низ бо ҷалби захираҳои дохилӣ, қувваи соҳибкорону ватанпарастон ба оилаҳои ҷабрдидаи муноқишаҳо кумак расонида шавад. Таҳсили фарзандони ин оилаҳо бевосита зери назари роҳбарияти шаҳр аст. Зимни суҳбат бо аҳли оилаи фавтидагон Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода иброз намуд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво