29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ТАСС: Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки Душанбе танҳо ҳукумати фарогири ҳамаи мардуми Афғонистонро эътироф менамояд

119
Душанбе танҳо он ҳукумати Афғонистонро эътироф мекунад, ки тавассути муколамаи фарогир бо назардошти мавқеи ҳама ақаллияти миллӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 25 август, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, изҳори назар намуданд, хабар додааст ТАСС.

«Тоҷикистон ҳеҷ як ҳукумати дигареро, ки дар ин кишвар тавассути зулму таъқиб ва бе назардошти мавқеи тамоми мардуми Афғонистон, хусусан ҳама ақаллияти миллии он таъсис ёфтааст, эътироф намекунад»,- иқтибос меорад ин суханҳои Эмомалӣ Раҳмонро Хадамоти матбуотии Президент. Ба қавли Президенти Тоҷикистон, тоҷикон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон мақоми шоистаро ишғол кунанд.

Ба гуфтаи Сарвари давлати Тоҷикистон, Афғонистон бояд ҳарчӣ зудтар ҳукумати фарогир таъсис диҳад. «Тоҷикистон таъкид мекунад, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсӣ ва масъалаҳои амниятӣ кишвари ҳамсояро зарур аст, ки ҳарчи зудтар бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, пеш аз ҳама, тамоми тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи аҳолии ин давлатро ташкил медиҳанд, ҳукумати фарогир таъсис диҳад»,-гуфтанд Пешвои миллат.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки сохтори давлатии Афғонистон бояд дар раъйпурсӣ бо дарназардошти мавқеи ҳамаи шаҳрвандони он муайян карда шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво