19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ: «Покистон пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро оид ба роҳҳои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон дастрас намуд»

143
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Пас аз анҷоми мулоқот бо иштироки Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ гардида, ҷониби Покистон мавқеи худро дар ин масъала баён намуд», — таъкид кард Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Ба гуфти Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ваъияти имрӯзаи тағйирёбандаи Афғонистон дар оянда метавонад пеш аз ҳама ба кишварҳои ҳамҷавори бевоситаи Афғонистон таъсири бузург расонад. Дар баробари ин мо метавонем аз ин вазъият имконияти дигарро низ ба назар гирем.

«Сулҳу субот дар Афғонистон барои таъмини амнияти минтақа метавонанд кумак расонанд. Имрӯз мақсади асосӣ он аст, ки тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар якҷоягӣ бояд ояндаи Афғонистонро баррасӣ намоянд», — зикр намуд Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ.

Инчунин таъкид гардид, ки Афғонистон кишварест, ки дар он ақаллияти миллии гуногун зиндагӣ ба сар мебаранд, ки ҳар яки онҳо манфиатҳои худро дорад.

«Ҷумҳурии Исломии Покистон тарафдори таъсиси Ҳукумати фарогири инклюзивӣ дар Афғонистон мебошад, ки дар он намояндагони тамоми қавмҳо метавонанд ба таври фаъол иштирок намоянд»,- ибрози ақида намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ таъкид намуд, ки сафари ӯ ба Душанбе бо дастури хоссаи Сарвазири Покистон Имрон Хон сурат мегирад. Ӯ зикр кард, ки Сарвазири Покистон Имрон Хон нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосса зоҳир мекунад.

«Барои ҳамин ман ба Душанбе ба он мақсад омадам, ки фикру ақидаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маслиҳати муҳтарам Ҷаноби Олиро вобаста ба масъалҳои мазкур пайдо намоям.

Ҷониби Тоҷикистон нигарониҳои худро оид ба вазъи кунунии Афғонистон ба мо пешниҳод намуд, ки онҳоро ба Сарвазири Покистон мерасонем», — гуфт Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво