27 январ 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Исфара Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» ба истифода дода мешавад

82
Дар Исфара Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» ба истифода дода мешавад
Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» ба истифода дода мешавад, иттилоъ дод масъули сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов ба АМИТ «Ховар».

Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» яке аз калонтарин иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Исфара мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Муассисаи нави таълимӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 1600 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Синфхонаҳои Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» бо тарҳи замонавӣ ва мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шудаанд.

Ҳамчунин дар он майдончаи варзишӣ ва толори машқии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти тамринӣ мавҷуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво