Боз як ширкати нав вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардид
682
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид гардидани боз як ширкат ба бозори сайёҳии мамлакат хабар медиҳад. Дар ҷаласае, ки дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат доир гардид, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ба роҳбари ширкати навтаъсиси «Шумон» Бахтовар Аминзода иҷозатнома супорид, иттилоъ доданд аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Ширкати «Шумон» дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфта, ҳадафаш рушди туризми дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ мебошад. Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари ширкати сайёҳии «Шумон» Бахтовар Аминзода гуфт, «дар оянда ният дорем ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, хусусан давлатҳои Осиёи Марказӣ тавсеа бахшем. Алҳол бо яке аз ширкатҳои сайёҳии Узбекистон- «Самарқанд тревел» вориди гуфтушунид шудаем». Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ инчунин муҳлати фаъолияти ширкати «Вояж тур»-ро тамдид намуд. Роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ арзи сипос намуда, омодагии худро барои ташкили барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон изҳор доштанд. Дар заминаи имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонии бахши сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гардид. Ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан устувор гаштани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат таъсири мусбат мерасонанд. Ҳоло дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 230 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, дар рушди сайёҳӣ дар мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |