19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе даври чоруми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба нақши китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров доир мешавад

173
19 август дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” даври чоруми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” баргузор мегардад.

Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар медиҳад, маҳфил-озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.

Маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар оилаи мамлакат доир мегардад.

Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофи сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон, таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ, ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил ҳадафҳои асосии маҳфил-озмуни мазкур ба шумор мераванд.

Ҳамчунин 20 август дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад.

Маросими ҷоизасупории маҳфил-озмун дар конференсия сурат хоҳад гирифт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво