25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ишкошим 24 иншоот бунёд ва 56 адад навсозӣ шуданд

224
Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим бинои нави беморхонаи минтақавии дорои 30 кат ба истифода дода мешавад. Он бо кумаки молии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бунёд мегардад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, барои бунёди бинои мазкур, ки аз ду ошёна иборат аст, 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ошёнаи аввали он шуъбаи таваллудхона, маркази ёрии таъҷилӣ ва дар ошёнаи дуюм шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва бемориҳои дарунӣ ҷой гирифтаанд. Масъулини Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Вахон», ки сохтмони бинои мазкурро бар дӯш доранд, талош мекунанд, ки беморхонаро дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба дасти табибон супоранд.

Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода гуфт, ки “деҳаи Вранг аз ҷумлаи деҳотест, ки аз маркази маъмурии вилоят ва маркази ноҳия хеле дур буда, интиқоли бемори вазнине, ки ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад, вақти зиёд металабад. Баъди ба истифода додани ин беморхонаи минтақавӣ сокинони деҳоти атроф низ метавонанд бо истифода аз мошинҳои маркази ёрии таъҷилӣ дар фурсати кӯтоҳ беморонро ба ин ҷо интиқол диҳанд. Ҳамагӣ як сол пеш дар ҳамин деҳа хонаи фарҳанг, мактаби санъату рассомӣ ва маркази фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд”.

Раиси ноҳия бо изҳори сипос аз кумаку дастгириҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ баён дошт, ки соли равон шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи маркази ноҳия низ пурра аз таъмиру таҷдид бароварда шуд.

Имсол дар ноҳия 56 иншоот навсозӣ шуда, 24 иншоот, ба шумули хати оби нӯшокӣ, бинои маъмурии филиали рақами 72-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», анбори нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, Маркази рушди барвақтии кӯдакон ва амсоли инҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Корҳои сохтмонӣ дар чанд иншооти дигар низ идома доранд, ки дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво