25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор гардид

244
12 август дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур нонпазҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт тарзи тайёр кардани нони тоҷикӣ, аз қабили нони чаппотӣ, сатрӣ, кулчаи хурду калон, фатир, таҳмол, орзуқ, фатири қад-қад, қалама, ҳалвои сурху сафед ва дигар маҳсулоти аз орди гандум тайёршавандаро пешниҳод намуданд.

Дар озмун намояндагони Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз ороиши дастурхони намояндагони ноҳияҳои пойтахт дидан карданд ва ба ҳунари волои кадбонувони тоҷик баҳои баланд доданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки лаззати нони тоҷикӣ ва ҳунари нонпазии бонувони тоҷик дар ҷаҳон ҳамто надорад. Ҳадаф аз баргузории маъракаи имрӯза ҳам арҷгузорӣ ба ҳунари нонпазӣ, тарғиби нони тоҷикӣ, дарёфти беҳтарин нонпазҳо, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои мамлакат, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, ҳарчӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон иборат мебошад.

Дар Душанбе озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор гардид





Мавриди зикр аст, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 10 августи соли 2021 ҳайати аъзои гурӯҳи корӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни мазкур тасдиқ гардид. Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои банди 28 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.

Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки тӯли чанд сол аст, дар пойтахт Озмуни маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам», «Оши палав», фестивали «Хӯрокҳо ва пуфакҳои ҳавоӣ», фестивали баҳории хӯрокҳои миллӣ, «Хӯришҳои миллӣ», «Яхмос ва обҳои ташнагишикан» ва дигар иду ҷашнҳо бо шукӯҳи хосса баргузор мегардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво