25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти Ворух мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Дӯстӣ оғоз ёфт

221
Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Дӯстӣ оғоз ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Роҳи мазкур ба масофаи 2 км ва паҳнои 6 метр бо ташаббуси сокинони маҳалла мумфарш мегардад.

Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова мегӯяд: «то ба имрӯз сокинони ҷамоати Ворух 14 километр роҳҳоро таъмиру мумфарш намудаанд ва кор дар самти ободонии роҳҳо ва бунёду азнавсозии пулҳо бо иқдоми аҳолӣ беш аз пеш тақвият меёбад».

Бино ба гуфтаи номбурда, корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳои шаҳри Исфара беш аз пеш вусъат меёбад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво