25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкор Баҳодур Искандаров дар Конибодом майдончаи варзишӣ бунёд намуд

496
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола 10 август таҷлил мегардад, дар шаҳри Конибодом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Искандаров майдончаи варзишӣ барои футболи хурд ба истифода дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими баистифодадиҳии майдончаи варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Барои бунёди иншооти варзишӣ 300 ҳазор сомонӣ сарф гардида, сокинони деҳаи Шӯробқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов имкон пайдо намуданд, ки бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон зикр кард, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи варзиш дар самти сохтмони толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Зикр шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят имрӯзҳо 2673 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзишӣ, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд. Соли 2020 39 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 варзишгоҳ, 9 толори варзишӣ, 28 майдончаи варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Конибодом ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз нақшаи пешбинишуда беш аз 92 дарсад иҷро гардидааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво