18 август 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳмадтоир Зокирзода дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Эрон иштирок намуд

80
5 август Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, дар баробари намояндагони воломақоми кишварҳои дунё иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки маросими савгандёдкунии ҳаштумин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ дар ҳузури 265 меҳмон аз 115 кишвар баргузор шуд.

Президенти тозаинтихоб савганд хӯрд, ки нигаҳбони Конститутсия ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд ва барои ҳалли мушкилоти мардум саъй мекунад.

Дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Алҷазоир Эймен бин Абдурраҳмон, Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин, сарони парлумонҳои Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Нигерия, инчунин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Уммон, Кувайт ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво