29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба 14 оилаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш калиди хонаҳои нав тақдим гардид

110
Имрӯз ба сардорони 14 оилаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш калиди хонаҳои навашон тақдим карда шуд. Хонаҳои бунёдгардида 3 ва 4-ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити зарурии зиндагӣ таъмин мебошанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими тақдими хонаҳои навбунёд раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Раиси вилоят калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супурда, барояшон хушбахтиву саломатӣ таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2021 дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дар натиҷаи бориши борони зиёд ва омадани сел 41 хонаи истиқоматии шаҳрвандон пурра хароб шуда буд.

Аз хонаҳои зарардида то имрӯз 28-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.


15 июни соли равон Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар аз ҳолу аҳволи сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш дидан намуда, 8 манзили истиқоматии навбунёди сокинонро мавриди истифода қарор доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи вилоятию ҷумҳуриявӣ дастур доданд, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, ҷӯйҳо, сарбандҳои рахнашуда ва дигар иншооти ифрасохторӣ тамоми қувва ва техникаю таҷҳизоти мавҷударо сафарбар намоянд ва дар муҳлати муқарраргардида корҳои сохтмонии боқимондаро ба итмом расонанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво