26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба шарафи ҷашни бузурги миллӣ дар Лахш 221 иншооти гуногун бунёд мешаванд

220
Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 221 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 156 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дошта, то рӯзи ин ҷашни таърихӣ ба истифода дода мешаванд.

Ин матлабро раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Тавре дар нишасти матбуотии ноҳияи Лахш зикр шуд, картошкапарварони ноҳия соли 2021 дар майдони умумии 5368 гектар картошка кишт намудаанд, ки 3150 гектари он ба заминҳои сохтори кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ, 1027 гектар ба заминҳои президентӣ ва боқии он ба заминҳои наздиҳавлигӣ рост меояд. Ҳамчунин дар ин муддат дар майдони умумии 1506 гектар зироати ғалладонагӣ ва дар 202 гектар сабзавот кишт шудааст.

Дар шаш моҳи соли равон баҳри дастгирии соҳибкорону картошкапарварон ва эҳтиёҷмандон аз тарафи ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд», ФҚҲ «Эҳёи кӯҳистон», шуъбаи БДА «Амонатбонк» ва ФҚҲ «Боршуд» ба 573 нафар 7 миллиону 96, 9 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудаанд. Аз ин шумора 4 миллиону 791, 2 ҳазор сомонӣ ба соҳаи картошкапарварӣ ва як миллиону 47,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ мансуб мебошад.



Акс аз АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво