Баъди ба анҷом расонидани корҳои барқарорсозии НБО «Норак» иқтидори лоиҳавии он 8-10 фоиз афзоиш меёбад
209
Баъди пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8-10 фоиз афзоиш ёфта, аз 3 000 МВт то 3300 МВт расонида мешавад. Ҳамчунин истеҳсоли неруи барқ низ афзоиш ёфта, муҳлати истифодаи таҷҳизот зиёд мегардад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода иттилоъ дод. Ба гуфтаи мавсуф, вобаста ба маблағгузории марҳилаи 2- юми лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 50 миллион доллари ИМА ҷудо гардид. Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд бо вазорату идораҳо мувофиқа шуда, 3 декабри соли 2020 ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкур 11 марти соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. «Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» асосан дар НБО-и «Норак», дар ҳудуди шаҳр Нораки вилояти Хатлон амалӣ шуда истодааст,- гуфт муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |