29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон Анҷумани 6-уми омӯзгорони ИДМ баргузор мешавад

177
Моҳи октябри имсол Анҷумани 6-уми омӯзгорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат 30 июл дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти онлайнии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Шерматов ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев сурат гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чунин мулоқот бори нахуст аст, ки доир мешавад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар мулоқот бо ҳамтоёни худ аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон масоили татбиқи лоиҳаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро бо мутахассисони педагогии Федератсияи Русия, ҳамкорӣ дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, омодасозии мутахассисони варзида ва табодули таҷрибаи омӯзгорон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ намуд.

Вазири маориф ва илми мамлакат аз ҳамкории муштараки ҷойдошта бо ин кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки роҳандозии чунин мулоқотҳо ба табодули таҷриба ва ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни суҳбат иброз гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди синфҳои таълимашон бо забони русӣ беш аз 3150 адад буда, дар 5 мактаби олӣ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус мутахассис омода карда мешавад. Дар баробари ин, 160 маркази омӯзиши забони русӣ фаъол буда, талабот ба китобҳои дарсии забони русӣ зиёд аст. Соли равон Тоҷикистон барои ба таълим фаро гирифтани 54 нафар омӯзгори рус ба Ҳукумати ин кишвар дархост пешниҳод кардааст. Ба хотири вусъат бахшидани омӯзиши забони русӣ мунтазам миёни муассисаҳои таълимӣ озмунҳо гузаронида мешаванд.

Зимни суҳбати вазирон қарор шуд, ки ҳар се моҳ чунин вохӯрӣ сурат гирифта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта мубодилаи афкор сурат мегирад.

Ҳамчунин пешниҳоди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси эълони озмуни беҳтарин мактаби русӣ дар давлатҳои иштирокчӣ ҳозирин хуш пазируфтанд ва тасмим гирифта шуд, ки василаи татбиқи он дар оянда коркард ва барои корбарӣ пешниҳод гардад.

Вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳуриҳои Узбекистон Шерзод Шерматов ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев ба сатҳи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни суҳбати онлайнӣ сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок намуданд.





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво